Ташрифи вазири корҳои хориҷии Русия ба Душанбе

Шоми имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ташриф меорад. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, сафари ҷаноби Лавров давоми рӯзҳои 16-17-уми январ идома меёбад. Дар ҷараёни сафар Сергей Лавров бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод. Дар ин вохӯриҳо масоили […]

Аваз Юлдошев


Шоми имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ташриф меорад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, сафари ҷаноби Лавров давоми рӯзҳои 16-17-уми январ идома меёбад.

Дар ҷараёни сафар Сергей Лавров бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Дар ин вохӯриҳо масоили имзои созишнома дар бахши муҳоҷират ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон оид ба имзои созишномаҳои зикршуда тавофуқ ҳосил шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Русия моҳи апрели соли 2012 ва моҳи октябри соли гузашта дар ҳайати расмии Русия зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.