Ба нафақа гусел шудани як зумра кормандони ВКД

Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки синну солашон ба ҳадди ниҳоӣ расида буд, ба нафақа гусел карда шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, нафақахӯронро бо ифтихору қадрдонӣ аз хизмати содиқонаашон муовини вазири корҳои дохилӣ Саидҳон Ҷӯрахонов ба нафақа гусел намуд. «Шумо собиқадорони пуртаҷрибаед, […]

ASIA-Plus


Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки синну солашон ба ҳадди ниҳоӣ расида буд, ба нафақа гусел карда шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, нафақахӯронро бо ифтихору қадрдонӣ аз хизмати содиқонаашон муовини вазири корҳои дохилӣ Саидҳон Ҷӯрахонов ба нафақа гусел намуд.

«Шумо собиқадорони пуртаҷрибаед, аз ин рӯ ба сафи Шӯрои собиқадорони мақомот ворид шуда, малакаю таҷрибаи кории худро ба кормандони ҷавони Вазорати корҳои дохилӣ омӯзонед», – гуфт ӯ.

Ҷӯрахонов С.Қ. ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорат тӯҳфаҳои арзишнок супорида, дар зиндагӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.