Facebook дар Тоҷикистон боз дастнорас шуд

Date:


Бори сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии писандидаи Facebook қатъ карда мешавад.

Дар як қатор ширкатҳои фароҳамсози интернети ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки қатъи дастрасӣ бо супориши шифоҳии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба феҳристи сомонаҳое, ки субҳи имрӯз дастрасиашон қатъ шудааст, бахши русии сомонаи радиои «Озодӣ» низ шомил аст.

Ин тасмими худро Хадамоти алоқа чун ҳолатҳои қаблӣ ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳад. Дар соати нашри хабар ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Хадамоти алоқа оид ба масъалаи мазкур шарҳу тавзҳеҳ дастрас намояд. Роҳбари хадамот Бег Зуҳуров муддати чанд моҳ аст, ки қариб доимо дар Кӯлоб қарор дошта, ҷараёни сохтмони Кохи варзишро назорат мекунад. Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур департаменти «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон аст.

Тайи соли ахир то ин муддат бори сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии Facebook қатъ мешавад. Бори нахуст санаи 3-юми марти соли гузашта бо супориши Хадамоти алоқа дастрасӣ ба як қатор сомонаҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи иҷтимоии «Facebook» қатъ гардид. Тамоми интернет-провайдерон дастрасӣ ба сомонаҳои Facebook.com, Zvezda.ru, Tjknews.com ва – Maxala.org.-ро қатъ намуда буданд. Аммо баъди як ҳафта дастрасӣ ба сомонаи Facebook барқарор гардида, соммонаҳо боқимонда то ҳанӯз дастнорасанд.

Маротибаи дуюм дастрасӣ ба сомонаи Facebook дар Тоҷикистон охири моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифта буд. Пас аз ин сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор кард, ки бо муассиси шабакаи иҷтимоии Facebook Марк Сукербург мулоқот барпо карда, масъалаи тарзи фаъолият ва имкони назорати шарҳҳои интиқодӣ нисбат ба маснабдорони тоҷик дар шабакаро баррасӣ карданист.

«Facebook хӯҷаин дорад ё на? Ӯ ба Тоҷикистон омада метавонад? Рӯзҳои қабул ман метавонистам бо ӯ вохӯрӣ барпо кунам. Агар вақти ӯ танг бошад, ман бо яке аз ёварони ӯ сӯҳбат мекардам», – гуфта буд Бег Зуҳуров ба хадамоти русии Би-Би-Сӣ.

Сипас сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров гӯё пас аз суҳбати телефонӣ бо муассис ва роҳбари шабакаи иҷтимоии Facebook Марк Сукерберг изҳор кардааст, ки шояд рӯзҳои наздик дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон барқарор карда шавад.

Ахири моҳи декабр Хадамоти алоқа қатъи дастрасӣ ба

131 сомонаҳоро

ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет тавсия намуд. Мутобиқи рӯйхат, ҳудуди 80%-и онҳо сомонаҳои мусиқӣ мебошанд. Ҳамчунин торнамоҳои зиёде низ мавҷуданд, ки корбарони шабакаи Интернети Тоҷикистон аз мавҷудияти онҳо ҳатто огаҳие ҳам надоранд. Ғайр аз ин, дар рӯйхат торнамоҳои фаҳш (порнография) низ ҳастанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...