Озмуни ҲНИТ оид ба таҳияи рамзи ҷашнии ҳизб

Соли ҷорӣ 40-солагии таъсисёбии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва барои тайёр намудани рамз (логотип)-и «40- солагии ҲНИТ» ҳизб озмун эълон кард. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар рамз истифодаи рақами «40» ҳатмӣ буда, ба ҷой доштани рамзҳои исломӣ ва солҳои «1973- 2013» афзалият дода мешавад. «Аз озмун санаи 16-уми феврал […]

ASIA-Plus


Соли ҷорӣ 40-солагии таъсисёбии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва барои тайёр намудани рамз (логотип)-и «40- солагии ҲНИТ» ҳизб озмун эълон кард.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар рамз истифодаи рақами «40» ҳатмӣ буда, ба ҷой доштани рамзҳои исломӣ ва солҳои «1973- 2013» афзалият дода мешавад.

«Аз озмун санаи 16-уми феврал натиҷагирӣ шуда, ғолиби озмун бо ҷоизаву туҳфаҳо сарфароз гардонида мешавад», – гуфтанд дар қарогоҳи марказии ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷашни 40-солагии таъсисаш таҷлил мекунад. Нимаи моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ чунин тасмим гирифта шуд.

Таҷлили ҷашн бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт. «Ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн дар таърихи Наҳзат буда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва ба ин муносибат ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» моҳи апрел ҳадди ақал дар ҳаҷми 40 саҳифа ба нашр хоҳад расид», – гуфта буданд дар қароргоҳи ҲНИТ.

ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд.

Феълан беш аз 40 ҳазор нафар аъзои ҲНИТ буда, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.