Таваҷҷуҳи Чин ба коркарди рустаниҳои дорувории Тоҷикистон

Чанде қабл дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Раёсаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо мақомоти раҳбарии Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин як ширкати Чин оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ гуфтушунид анҷом дод. Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Раёсаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо мақомоти раҳбарии Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин як ширкати Чин оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ, ҷалби сармоя ба ин бахш тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак, дастрас намудани технологияи муосир оид ба коркарди рустаниҳои доруворӣ баррасӣ шуданд.

«Шариф Саид ба ҳамсуҳбатон роҷеъ ба шароити истеҳсол ва коркарди рустаниҳои доруворӣ дар Тоҷикистон, бахшҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ, муҳити сармоягузорӣ ва имтиёзот дар кишвар маълумоти муфассал дод», – гуфтанд дар ПСС ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони Палатаи савдои Чин оид ба тандурустӣ ва ҳамчунин ширкати Чин оид ба коркарди растаниҳои доруворӣ ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бораи ба Тоҷикистон ташриф овардани онҳо ҷиҳати гуфтушуниди ҳамаҷониба тавофуқ ҳосил шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.