Вазири корҳои хориҷии Русия дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Шоми дирӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ташриф овард. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, имрӯз вазири корҳои хориҷии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, ҳамчунин бо иштироки ҳайатҳои дуҷониба гуфтушуниди Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ доир мегардад. Тавре қаблан хабар дода будем, дар ин […]

Аваз Юлдошев


Шоми дирӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, имрӯз вазири корҳои хориҷии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, ҳамчунин бо иштироки ҳайатҳои дуҷониба гуфтушуниди Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ доир мегардад.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар ин вохӯриҳо масоили имзои созишномаҳо дар бахши муҳоҷират ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки оид ба имзои созишномаҳои зикршуда моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Сергей Лавров моҳи апрели соли 2012 ва моҳи октябри соли гузашта дар ҳайати расмии кишвараш зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.