Тавлиди нахустин дугоникҳои бо роҳи сунъӣ бордоршуда

Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи Тоҷикистон аз ҷониби нахустин зани бо роҳи сунъӣ ҳомиладоршуда дугоникҳо ба дунё оварда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ғоибова хабар дод, айни замон омодагӣ ба ҷарроҳии берун овардани тифлакон (кесарево сечение) ҷараён дошта, ҷарроҳӣ аз ҷониби директори Пажуҳишгоҳ Шамсиддин Қурбонов ва мутаххасисони варзидаи […]

Маҳпора Киромова


Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи Тоҷикистон аз ҷониби нахустин зани бо роҳи сунъӣ ҳомиладоршуда дугоникҳо ба дунё оварда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ғоибова хабар дод, айни замон омодагӣ ба ҷарроҳии берун овардани тифлакон (кесарево сечение) ҷараён дошта, ҷарроҳӣ аз ҷониби директори Пажуҳишгоҳ Шамсиддин Қурбонов ва мутаххасисони варзидаи ин муассисаи тиббӣ анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, бо роҳи сунъӣ бордор кардани ин зан дар маркази тиббии «Насл» сурат гирифтаааст. «Маркази мазкур соли сипаришуда дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки дар Тоҷикистон танҳо бо иштирок ва розигии ҳамсарон амали бордоркунии сунъӣ анҷом дода мешавад. «Ғайр аз зани зикршуда, боз як зани дигар низ бо роҳи бордоркунии сунъӣ дугоник таваллуд хоҳад кард», – афзуд Ф.Ғоибова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.