Тавлиди нахустин дугоникҳои бо роҳи сунъӣ бордоршуда

Date:


Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи Тоҷикистон аз ҷониби нахустин зани бо роҳи сунъӣ ҳомиладоршуда дугоникҳо ба дунё оварда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ғоибова хабар дод, айни замон омодагӣ ба ҷарроҳии берун овардани тифлакон (кесарево сечение) ҷараён дошта, ҷарроҳӣ аз ҷониби директори Пажуҳишгоҳ Шамсиддин Қурбонов ва мутаххасисони варзидаи ин муассисаи тиббӣ анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, бо роҳи сунъӣ бордор кардани ин зан дар маркази тиббии «Насл» сурат гирифтаааст. «Маркази мазкур соли сипаришуда дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки дар Тоҷикистон танҳо бо иштирок ва розигии ҳамсарон амали бордоркунии сунъӣ анҷом дода мешавад. «Ғайр аз зани зикршуда, боз як зани дигар низ бо роҳи бордоркунии сунъӣ дугоник таваллуд хоҳад кард», – афзуд Ф.Ғоибова.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...