Субҳи имрӯз зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар шаҳри Кӯлоб сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор намуд, ки мушкилоти фаннӣ ба қатъи дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои интернетӣ боис гардидаанд.
Ба қавлӣ вай, дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook, бахши русии сомонаи радиои «Озодӣ» ва дигар сомонаҳо муддати 2-3 рӯзи наздик барқарор карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Бег Зуҳуров доир ба «дастнорасиаш барои рӯзноманигорон» ибрози назар кард. «Ман дастрастарин мансабдори давлатӣ дар кишварам, вале аксари рӯзноманигорон аз ин суистифода намуда, гуфтаҳои маро таҳриф ва ба гунаи дигар пешкаш мекунанд, ки баъзан ҳатто мухолифи гуфтаҳои ман аст, аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки бо онҳо камтар робита дошта бошам», – иброз дошт Б.Зуҳуров.
Раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, «ибрози андешаи мушаххасу саҳеҳ бо забони русӣ баъзан мушкил аст, аммо дар ин ҳолатҳо рӯзноманигорон аз ҷалби тарҷумон даст мекашанд, то ки баъдан ба гуфтаҳои аз ҷониби онҳо таҳрифшудаи ман асосе дошта бошанд».
Бег Зуҳуров ҳамчунин аз шарҳи зери маводи баъзе сомонаҳо ёдовар шуд. «Ба ин гуна сомонаҳо ҳеҷ иддаое нест, вале вақте шарҳҳо бо номҳои гуногун дар бораи ҳар чизи басаромада дарҷ меёбанд, дар ин сурат даъвоҳо пайдо шуда, фаҳмидан душвор аст, ки он шарҳ аст ё иғвогарӣ», – иброз дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи гузашта дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии писандидаи Facebook
бори сеюм дар Тоҷикистон
қатъ карда шуд. Ба феҳристи сомонаҳо ҳамчунин бахши русии сомонаи радиои «Озодӣ» низ шомил аст.
Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон 41 ҳазору 160 нафар ё худ 0,55% аз шумори умумии аҳолиии ҷумҳурӣ ва ё 5,87% аз шумори умумии корбарони Интернет дар кишварро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳфаҳои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев амал мекунанд.


