Корфармо-фиребгарони муҳоҷирон ба «рӯйхати сиёҳ» шомил мешаванд

Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева бо президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Амин Маҷумер дар маркази бисёрсоҳавии мутобиқгардонии муҳоҷирон дар Маскав масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила дар бахши ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, федератсияи мазкур ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева бо президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Амин Маҷумер дар маркази бисёрсоҳавии мутобиқгардонии муҳоҷирон дар Маскав масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила дар бахши ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, федератсияи мазкур ба муҳоҷирон дар масъалаҳои расмиёти ҳуҷҷати будубош, таъмин бо ҷойи корӣ ва омӯзиши забони русӣ кӯмак расонида, хизматгузориҳои маркази зикршуда ҳамчунин ба корхонаву ширкатҳои корфармо низ дахл хоҳад дошт.

Зимни мулоқот Садбарг Ғаниева изҳор кард, ки бинобар сабаби будубоши ғайриқонунӣ, муҳоҷирон аксаран мавриди фиреби корфармоҳо қарор гирифта, баъзан онҳоро ба пулис месупоранд ё бидуни сабаб ва пардохти маблағ аз кор меронанд. «Дар ин ҳолатҳо сафорат ҷиҳати ҳалли масъала ба иншооти мазкур рафта, бо корфармоҳо гуфтушунид мекунад», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ, Амин Маҷумер зикр кард, ки Федератсияи муҳоҷирони Русия як пойгоҳи электронӣ таъсис мекунад, ки дар бахши «Рӯйхати сиёҳ»-и он дар бораи корфармо-фиребгарон маълумот дарҷ хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки миёни сафоратхонаҳои Тоҷикистону Русия ва Федератсияи мазкур ба хотири огаҳии муҳоҷирон ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба онҳо дар бораи истифодаи захираҳои муштараки иттилооотӣ тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.