Нахустин мусобиқаи мутлақи кушодаи дзюдо дар Душанбе

Федератсияи дзюдои кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотираи гиромидошти президенти фахрии дзюдои ҶТ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар намуди дзюдоро доир мекунад.   Тавре котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, роҳбарии умумии мусобиқа ба зиммаи Кумитаи ҷавонон вогузор […]

ASIA-Plus


Федератсияи дзюдои кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотираи гиромидошти президенти фахрии дзюдои ҶТ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар намуди дзюдоро доир мекунад.

 

Тавре котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, роҳбарии умумии мусобиқа ба зиммаи Кумитаи ҷавонон вогузор гардида, рафти гузаронидани мусобиқа ба уҳдаи ҳайати доварони Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ вобаста карда мешавад.   

«Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби гӯштини дзюдо байни ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати олии варзишгарон аст», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, мусобиқа  рӯзи  6 апрели соли 2013, дар «Маҷмаъи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад.

«Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони (мардҳо аз сини 18 боло) шаҳру ноҳияҳои тобиеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ  роҳ дода мешаванд. Мусобиқа аз рӯи вазни мутлақ аз вазни 81 кг боло гузаронида мешавад», – иброз дошт сухангӯи КМО ҶТ.

Зимнан зикр гардид, ки варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2 ва 3 юмро ишғол менамоянд бо диплом ва медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамчунин бо мукофотҳои пулии 25, 10 ва 7 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.