Нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба ҳамаи онҳое, ки пас аз даргузашти ҳамсараш ӯро дастгирӣ намуданду ҳамдардӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуд.
«Дӯстони гиромӣ! Дар ин рӯзҳои душвор барои ман суханони зиёди ҳамдардии самимона изҳор шуд. Ин ҳамдардиро афроди кайҳо ба ман шиносу шахсоне изҳор намуданд, ки ман бо онҳо ҳатто боре ҳам вонахӯрдаам. Талафоти бузурги маро ҳам шаҳрвандони қаториву ҳам Президент ва ҳам Раисони ҳарду палатаи парлумон ҳамроҳ қабул карданд. Ман хеле мутаассир буда, аз самими қалб ба ҳамаи Шумо миннатдорӣ изҳор мекунам», – гуфта мешавад дар номаи ба идораи ОИ «Азия-Плюс» ирсолнамудаи Қ.Маҳкамов.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9-уми январи соли равон ҳамсари Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Тоҷикистон Гавҳар Маҳкамова дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Г.Маҳкамова дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе ба хок супурда шуд.


