Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» рад карда шуд.
Ин тағйирот аз ҷониби намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуда буданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Кумитаи парлумонӣ оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Галия Рабиева иттилоъ дода буд, ки кумитаи дахлдор пешниҳоди рад шудани лоиҳаи қонунро, ки бар асоси хулосаи тамоми кумитаҳо, ҳукумат ва ташхиси ҳуқуқии шуъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҳия шуд, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ирсол намуд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Г. Рабиева аз он изҳори тааҷҷуб карда буд, ки атрофи ин масъала васоити ахбори умум ҳангомаи зиёд ва ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ «сарусадои ба ҳеҷ кас нолозим»-ро барпо намудаанд.
«Тағйироти пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои аҳзобе, ки шумори аъзояшони каму начандон ҷонибдори зиёде доранд, равона гардида, муаллифони лоиҳа бештар ба ҷиҳати техникии масъала таваҷҷуҳ кардаанд», – гуфта буд вай.
Вакили парлумон ҳамчунин иброз дошта буд, ки масъалаи мушкилоти зиёд эҷод сохтани ин тағйирот дар маъракаи интихоботиро муаллифони лоиҳа нодида мегиранд. «Масалан, суоле ба миён меояд, ки оё ҳамаи аҳзоби сиёсӣ намояндагони шоиставу босаводи худ дар ҳавзаҳои интихоботиро таъмин карда метавонанд? Зеро шумори онҳо дар давраи интихобот ҳудуди 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», – зикр карда буд вакили парлумон.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов эҳтимоли аз ҷониби коммунистон дастгирӣ шудани ин лоиҳаро изҳор карда буд.


