Бег Зуҳуров: Нияти президентшавӣ надорам

Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров овозаҳои нияти президент шудан доштанашро фитнае беш намедонад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ин ниятҳоро комилан пайгирӣ надорад. «Тамоми андешаву имконот ва қобилиятам ба он равона шудаанд, ки дар мансаби таъинкардаи сарвари давлат пурсамар фаъолият дошта бошам. Ин […]

Турко Дикаев


Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров овозаҳои нияти президент шудан доштанашро фитнае беш намедонад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ин ниятҳоро комилан пайгирӣ надорад. «Тамоми андешаву имконот ва қобилиятам ба он равона шудаанд, ки дар мансаби таъинкардаи сарвари давлат пурсамар фаъолият дошта бошам. Ин ба супориши сарвари давлат оид ба сохтмони Кохи варзиш дар Кӯлоб низ дахл дорад», – гуфт ӯ.

Раиси Хадамоти алоқа ҳамчунин гуфт, «сабру таҳаммули беандоза ба хӯрдагириҳоро чанде аз журналистон ҳамчун заифии ман қабул карда, аз он истифода мекунанд ва ин ҷо сухан танҳо сари нияти президентшавӣ нест».

Қобили зикр аст, ки сохтмони Кохи варзиш дар Кӯлобро Бег Зуҳуров шахсан таҳти назорат қарор дода, ба лоиҳаи он як тағйироти назаррас ворид шудааст, ки шумори ҷойи нишасти он аз 1500 то 3000 афзуда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.