500 млн. $ маблағгузории Чин ба сохтмони корхонаи металлургӣ

Ширкати China Global new Technology imp. & exp-и Чин ба сохтмони корхонаи металлургӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 500 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумитаи мазкур Давлаталӣ Саидов бо бо роҳбарияти Корхонаи саноати кӯҳии […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати China Global new Technology imp. & exp-и Чин ба сохтмони корхонаи металлургӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 500 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумитаи мазкур Давлаталӣ Саидов бо бо роҳбарияти Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ибрози назар карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби сармоягузорони чинӣ иттилоъ дода шудааст, ки ширкат дар мувофиқа бо мақомоти болоии худ дар шаҳри Шанхай сохтмони корхонаи металлургиро бо дарназардошти на танҳо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ, балки кислотаи сулфат низ ба нақша гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати China Global сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба шумор меравад, ки соли 2007 таъсис дода шуда буд. Моҳи декабри ҳамон сол дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сохтмони корхонаи коркарди маъдани «Зарнисор» оғоз гардида, айни замон иқтидори ин фабрика ба истеҳсоли 1 млн. тонна маъдан дар як сол баробар аст. Аз оғози фаъолияти корхонаи мазкур сармоягузорони Чин ба он 150 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ кардаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар корхонаи «Зарнисор» ба маблағи 320,9 млн. сомонӣ 23,4 ҳазор тонна хокаи сурб ва 37,3 ҳазор тонна хокаи руҳ истеҳсол шудааст. Ояндаи наздик мавриди истифода қарор додани хатти дуюми технологӣ ва то 2 млн. тонна расондани иқтидори солонаи корхона дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.