Кӯшиши табдили мағозаҳо ба масҷид дар ҷануби кишвар

Дар маркази маъмурии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон – шаҳраки Мӯъминобод соҳибони ду мағозаи хусусӣ баҳри табдили мағозаҳои худ ба гунаи масҷид кӯшиш ба харҷ додаанд. Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз ин кӯшишҳо ҷилавгирӣ шудааст. «Соҳиби мағозаи воқеъ дар кӯчаи Турсунзода як даромадгоҳи […]

Турко Дикаев


Дар маркази маъмурии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон – шаҳраки Мӯъминобод соҳибони ду мағозаи хусусӣ баҳри табдили мағозаҳои худ ба гунаи масҷид кӯшиш ба харҷ додаанд.

Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз ин кӯшишҳо ҷилавгирӣ шудааст.

«Соҳиби мағозаи воқеъ дар кӯчаи Турсунзода як даромадгоҳи алоҳидае кушода, ошёнаи дуюми мағозаро ба макони адои намози ҷамоат табдил додааст ва боз як чунин ҷой дар мағозаи кӯчаи С.Назаров фаъолият мекардааст», – гуфт вай.

Ба қавли Абдулҳамидов, соҳибони мағозаҳо барои анҷом додани чунин амал иҷозати расмӣ надошта, гузашта аз ин, ин макон ба меъёрҳои баргузории чунин маросими динӣ мутобиқат надоштааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар шаҳраки Мӯъминобод, ки дорои 13 ҳазор нафар аҳолӣ аст, 4 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеъ ва дар ноҳияи мазкур дар маҷмӯъ 51 масҷид бо шумули 4 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.