Таъмини беш аз 35 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ дар соли 2012

Соли сипаришуда бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон беш аз 35,3 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,6%-ро ташкил медиҳад. Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бо истинод ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ зикр мегардад, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли сипаришуда бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон беш аз 35,3 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,6%-ро ташкил медиҳад.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бо истинод ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ зикр мегардад, ки соли 2012 ба Агентии мазкур зиёда аз 105 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 63,5 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 43 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

Ғайр аз ин,  тавассути квотаи корӣ беш аз 2,7 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд. «Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – гуфта мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта зиёда аз 8,1 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 2 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми январи соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 74 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 52,3 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра наздики 13 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва қариб 5,3 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба ҳудуди 3,7 ҳазор нафар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Гуфта мешавад, давоми соли сипаригардида дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 132,2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.