Душанбе. 22-юми январ. «Азия-Плюс» Ахиран зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост намуд, ки дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони тоҷики муқими Сурия ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар ин кишвар, ба онҳо кӯмак расонида шавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳангоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Русия аз ҷумла иттилоъ додааст, ки ахиран ду ҳавопаймои кишвараш ба Димишқ фиристода шудааст, то аз мавзеи муноқиша шаҳрвандони Русияро берун барорад.
Ба иттилои манбаъ, сафорат бо ёддоште аз мақомоти расмии Русия хоҳиш намудааст, то дар сурати муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Сурия ба сафорати Русия ва консулгариҳои он дар кишвари мазкур, ёриву мусоидатҳои худро расонад.


