Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи адвокатура» моҳи март ба итмом мерасад

Таҳияи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» моҳи март пурра ба итмом мерасад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири адлияи ҶТ, роҳбари гурӯҳ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур Абдуманнон Холиқов хабар дод. «Гурӯҳи корӣ соли гузашта таъсис ёфта, то моҳи март мо ният дорем, ки таҳияи лоиҳаи қонунро ба анҷом расонем. […]

Наргис Ҳамробоева


Таҳияи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» моҳи март пурра ба итмом мерасад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири адлияи ҶТ, роҳбари гурӯҳ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур Абдуманнон Холиқов хабар дод.

«Гурӯҳи корӣ соли гузашта таъсис ёфта, то моҳи март мо ният дорем, ки таҳияи лоиҳаи қонунро ба анҷом расонем. Сипас он дар мизи гирд баррасӣ шуда, ба ҳукумат равона мегардад», – гуфт вай.

Ба иловаи он вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зикр кард, ки ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Коллегияи адвокатҳо, адвокатҳои мустақил, кормандони мақомоти прокуратура ва суд шомиланд. «Дар таҳияи лоиҳаи қонун ҳеҷ мушкилие надорем», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли вазир, соли гузашта ба 37 нафар ҳуқуқшиносон ҷиҳати амалисозии адвокати ваколатдор иҷозатнома дода шудааст ва бо назардошти ҳамасола дар макотиби олӣ тайёр кардани беш аз 2 ҳазор нафар мутахассисони дипломдор, ин як мушкилоти воқеӣ аст. «Ин яке аз масъалаҳои асосиест, ки зарурати таҳияи қонуни нав дар бораи адвокатураро таъкид месозад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.