Менглиев: Ба Вазорати адлия оид ба «Мовароуннаҳр» ҳеҷ асноде нарасидааст

Дар нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар робита ба қазияи ширкати «Мовароуннаҳр» изҳор намуд, ки то имрӯз аз Суди олӣ ба вазорат дар бораи боздошти иҷрои қарори фурӯши иншооти нотамоми ширкати мазкур ҳеҷ асноде нарасидааст. «Дар робита ба ин масъала ба мо ба маблағи умумии 64 млн. 260 ҳазору 46 сомонӣ 535 […]

Наргис Ҳамробоева


Дар нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар робита ба қазияи ширкати «Мовароуннаҳр» изҳор намуд, ки то имрӯз аз Суди олӣ ба вазорат дар бораи боздошти иҷрои қарори фурӯши иншооти нотамоми ширкати мазкур ҳеҷ асноде нарасидааст.

«Дар робита ба ин масъала ба мо ба маблағи умумии 64 млн. 260 ҳазору 46 сомонӣ 535 адад варақаи иҷро фиристода шуд, ки 530-тоаш ба шаҳрвандони маблағгузошта ба сохтмони манзил дар ҳаҷми беш аз 55,7 млн. сомонӣ ва сетоаш ба КВД «Тоҷиксуғурта», Вазорати тандурустӣ ва филиали «Тоҷиксодиротбонк» дахл доранд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ин масъала дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ баррасӣ шуда, ба вазорат аз шаҳрвандони ҷабрдида ҷиҳати манъи фурӯши иншооти ниматамом дархост расидааст, зеро онҳо барои идомаи сохтмон сармоягузор пайдо кардаанд. «Дар ин бора мо аз ВАО огоҳ мешавем ва оид ба муомилоти мизоҷон бо ҷавобгар мо дар даст ҳеҷ асноди ҳуқуқие надорем», – таъкид дошт вазири адлия.

Дар идома Рустам Менглиев зикр кард, ки тибқи қонунгузорӣ, ба ҷавобгар ва ҷабрдидагон ҷиҳати муштаракан ҳаллу фасл намудани тартиби қонеъ сохтани талабот имкон дода мешавад. «Дар ин ҳолат суд ё муомилоти мазкурро тасдиқ карда, фурӯши иншоотро бозмедорад ва ё худи ҷабрдида ба мо муроҷиат намуда, ҷиҳати ҳалли мустақилонаи масъала варақаи иҷрои худро талаб мекунад. Алҳол мо ҳеҷ кадоме аз ин ҳолатҳоро баррасӣ надорем», – афзуд Менглиев.

Дар ҳамин ҳол, санаи 14-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев изҳор дошт, ки аввали моҳи январ қарори Суди олии Тоҷикистон оид ба

аз «ҳоли ҳабс» озод кардани

иншооти ниматамоми ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» ҷиҳати иҷро ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ирсол шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.