Таҳияи тарҳи қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот

Date:


Муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зимни нишасти хабарӣ дар робита ба вазъи лоиҳаи роҳи оҳани Қошғар- Ҳирот изҳор намуд, ки интихоби хатсайри роҳи оҳани минтақавии мазкур ба Чин вобаста аст.

«Ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути қаламрави онҳо гузаштани роҳро хосторанд, аммо ман бар ин назарам, ки дар ниҳояти кор ҳалли ин масъала ба Чин вобаста хоҳад буд», – гуфт вай ва илова намуд, ки «ин ақидаи шахсии ӯ аст, на хулосаи расмии корхона».

Сохтмони роҳи оҳани мазкур аз Қошғари Чин тавассути Қирғизистону Тоҷикистон ё Ӯзбекистон то Ҳироти Афғонистон ва минбаъд пайваст намудани он бо роҳи оҳани Эронро пешбинӣ мекунад.

Қаландаров зикр кард, ки агар роҳ тариқи қаламрави Тоҷикистон бунёд гардад, нисбат ба қаламрави Ӯзбекистон масофаи он хеле камтар хоҳад буд.

«Ба қавли ӯ, ширкати эронии «Метро» таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани мазкурро ба итмом расонида, акнун Тоҷикистонро мебояд баҳри сохтмони он сармоягузор дарёфт кунад. «Фикр мекунам, ки қисмати тоҷикистонии роҳ аз ҳисоби сармоягузорони Чин маблағгузорӣ хоҳад шуд, зеро ташаббускорони асосии сохтмони роҳи оҳани мазкур маҳз чиниҳо мебошанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Эрон барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар соли 2010 Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.

Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...