Баррасии масъалаи суръатбахшӣ ба сохтмони МБГ «Душанбе-2»

Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо ноиби президенти ширкати чинии ТВЕА-ҷаноби Шу баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба вусъат бахшидани корҳо дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии – 2-и шаҳри Душанбе ва масъалаҳои марбут ба он баррасӣ гардид. Ба […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо ноиби президенти ширкати чинии ТВЕА-ҷаноби Шу баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба вусъат бахшидани корҳо дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии – 2-и шаҳри Душанбе ва масъалаҳои марбут ба он баррасӣ гардид.

Ба иттилои манбаъ, мавриди истифода қарор гирифтани як агрегати МБГ – 2 бо иқтидори 50 мВт тирамоҳи соли ҷорӣ дар назар аст. Иқтидори умумии Маркази барқу гармидиҳии «душанбе-2» 200 Мвт-ро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки татбиқи амалии лоиҳаи мазкур пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ бо сармоягузорони Чин моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, ҷиҳати дар ҳаҷми баробар сармоягузорӣ намудани лоиҳаи мазкур аз ҷониби ду бонки чинӣ «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин мувофиқа ҳосил шуд. Ин марказ пурра бо истифода аз ангишти маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард.

ТBEA яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти электротехникӣ дар ҷаҳон ва трансформаторҳо дар Чин мебошад. Маҳсулоти ширкат ба беш аз 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Канада ва Ҷопон содирот мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.