Анҷоми тафтиши ҳодисаи қатли генерал Абдулло Назаров

Тафтиши ҳодисаи қатли собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Абдулло Назаров ба итмом расида, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол мегардад. Радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад, ки ба рӯзноманигорон дар ин бора прокурори ВМКБ Муҳаммад Арбобов хабар додааст. Ёдрас мекунем, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим […]

ASIA-Plus


Тафтиши ҳодисаи қатли собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Абдулло Назаров ба итмом расида, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол мегардад. Радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад, ки ба рӯзноманигорон дар ин бора прокурори ВМКБ Муҳаммад Арбобов хабар додааст.

Ёдрас мекунем, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, кушта шуд. Пас аз ин ҷиҳати боздошт ё нобуд кардани гунаҳкорони қатли генерал, дар Хоруғ амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ роҳандозӣ шуда, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 13 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба ҳалокат расиданд.

Мувофиқи натоиҷи тафтишот, дар куштори генерал Абдулло Назаров ду нафар сокинони ВМКБ айбдор карда мешаванд.

Прокурори вилоят Муҳаммад Арбобов зикр кард, ки «соли 2012 дар қаламрави ВМКБ чор ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда, як ҳодиса – куштори генерал Абдулло Назаров ошкор шудааст».

Ба қавли прокурор, то ҳанӯз аз рӯи далелҳои куштори собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин Имомназар Имомназаров, суиқасд ба ҷони прокурори ноҳияи Рӯшон ва ба қатл расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар посгоҳи мавзеи Шидзи ноҳияи Рӯшон тафтишот ба анҷом нарасидааст. Прокурори вилоят изҳор намуд, ки парвандаи қатли Абдулло Назаров дар ихтиёри Прокуратураи генералӣ аст ва аз ин рӯ, ӯ аз ифшои маълумоти бештаре дар бораи ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, радии «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои Файзи Олӣ, адвокати айбдоршавандагон дар куштори генерал хабар медиҳад, ки дар қатли генерал Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар муттаҳам дониста шуда, парвандаи онҳо ба суд ирсол мегардад.

Пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ рӯзи 24-уми июли соли гузашта айбдоршавандагон дар куштори генерал Абдулло Назаров ихтиёран ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим шуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.