Зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи рӯзноманигорон бобати дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби Вазорати адлия пешниҳод шудани даъвоҳо дар бораи барҳам додани як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили «Ампаро», «Ташаббуси шаҳрвандӣ» ва «Интернешнл Алерт», вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев изҳор намуд, ки нисбати барҳам додани фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» аз боло ҳеҷ «фармоише» набуд.
«АҲҶ «Ампаро» аз соли 2005 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ амал мекунад ва соли гузашта мо тасмим гирифтем, ки фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла «Ампаро»-ро низ мавриди санҷиш қарор диҳем ва дар он як қатор камбудиҳоро ошкор сохтем. «Ампаро» ба ҷойи ислоҳи камбудиҳо, ба пахши изҳорот дар бораи таъқиби ҳукуматдорон барои фаъолияти ҳомии ҳуқуқ буданаш ва кор бо даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ оғоз карда, кор то ҷое расид, ки се гузоришгари СММ аз мо дар ин хусус маълумот тақозо намуданд», – иброз дошт вай.
Ба қавли вазир, «Ампаро» субъекти хоҷагидорӣ набуда, вазорат ба санҷиши фаъолияти онҳо ҷиҳати мутобиқат ба қонун ва оинномаашон ҳуқуқ дорад. «Дар фаъолияти «Ампаро» ҳам риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва ҳам риоя нашудани муқаррароти оиннома ошкор гардид», – зикр кард Р.Менглиев.
Дар идома вазири адлия қайд кард, ки ба тамоми ташкилотҳои ба қонуншиканӣ дастзада эътирози хаттӣ ва шарҳи талаботи қонун пешниҳод мегарданд. «Фаъолияти мо дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст», – афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми январи соли равон зинаи кассатсионии суди вилояти Суғд қарори суди шаҳри Хуҷанд дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро
бетағйир боқӣ гузошт.
Ахири моҳи октябри соли гузашта суди шаҳри Хуҷанд дар бораи
барҳам додани
Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Суд даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қонеъ намуд.
Дар
изҳороти
рӯзи душанбе пахшшудаи Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) ин созмон аз ҳукуматдорони тоҷик иҷозати идомаи кори Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» бидуни ҳарос аз дахолату фишорро даъват кард.
Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ низ аз қарори барҳам додани ташкилоти «Ампаро» изҳори нигаронӣ намуда буд.


