Қабули шарти Русия оид ба манъи содироти дубораи маҳсулоти нафтӣ

Date:


Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ изҳор кард, ки Созишнома оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ миёни Тоҷикистону Русия моҳи феврали соли равон дар ҷараёни сафари муовини аввали наххуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ба тасвиб мерасад.

Ба гуфтаи вай, дар бандҳои 6 ва 7-и созишнома манъи дубораи маҳсулоти нафтии Русия аз ҷониби Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм ва пас аз 60 рӯзи баъди имзои созишнома мавриди амал қарор гирифтани он сухан мерафт. «Пас аз гуфтушунид мо ба мувофиқа расидем, ки созишнома дарҳол баъди ба имзо расидан мавриди амал қарор гирифта, Тоҷикистон шарти Русия оид ба манъи содироти дубораи маҳсулоти нафтӣ ба кишварҳои сеюм (реэкспорт)-ро қабул кард», – иброз дошт Г.Шералӣ.

Вазир зикр кард, ки ба Тоҷикистон дар як сол бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 1 млн. тонна маҳсулоти нафтии Русия ворид мегардад ва ҳаҷми аз ин боло бо назардошти боҷи содиротии аз ҷониби ҳукумати Русия ҳар моҳ муқаррашуда дастрас хоҳад гардид.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2012 ба Тоҷикистон 372 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 68 ҳазор тонна зиёдтар аст. Дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ҳиссаи Русия – 55,3, Туркманистон – 17,2, Қирғизистон – 13 ва Ӯзбекистон – 0,002%-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон аз Қирғизистон воридшуда – 913, аз Русия – 1 ҳазору 199, Туркманистон – 1 ҳазору 172 ва Ӯзбекистон 1 ҳазору 44 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...