Рустами Эмомалӣ президенти ФИФА-ро ба Тоҷикистон даъват кард

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петурбург сафари корӣ анҷом дода, дар он ҷо бо президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер мулоқот кард. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳошияи мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол дар Санкт-Петербург мулоқоти анъанавии президенти ФИФА бо мақомоти раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид. Ба […]

ASIA-Plus


Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петурбург сафари корӣ анҷом дода, дар он ҷо бо президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер мулоқот кард.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳошияи мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол дар Санкт-Петербург мулоқоти анъанавии президенти ФИФА бо мақомоти раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ мавқеи ҷонибдории ФФТ аз фаъолияти ФИФА, ташаббусу тадбирҳои он барои рушди футбол дар саросари ҷаҳонро изҳор дошта, аз президенти ФИФА даъват ба амал овардааст, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҳамчунин директори ФИФА оид ба ассостсиатсияҳои миллӣ Терри Реженанс, сарменеҷер оид ба рушд Ева Паске ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев низ ширкат варзидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.