Коҳиши ҳаҷми нафақаи судяҳои Тоҷикистон

Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи судҳои ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Рӯҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки тағйироти пешниҳодшуда пеш аз ҳама, ба амалисозии ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи судҳои ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Рӯҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки тағйироти пешниҳодшуда пеш аз ҳама, ба амалисозии ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии дар кишвар идомадошта нигаронида шудаанд.

«Мувофиқи тағйирот, аз ин ба баъд судяҳои Суди конститутсионии Тоҷикистон пас аз 35 соли фаъолият ба нафақа рафта метавонанд. То имрӯз ин муҳлат ба 20 соли фаъолият баробар буд, – гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, то тағйирот ҳаҷми нафақапулии онҳо 80% аз ҳаҷми музздати меҳнатро ташкил дода, пас аз тағйирот он ба 65%-и ҳаҷми музди меҳнат баробар хоҳад шуд».

Тибқи тағйироти қабулшуда ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои ҶТ», аз ин пас аъзои оилаи кормандони мақомоти судии кишвар дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо хизматгузории ройгони тиббӣ ва муолиҷа дар осоишгоҳҳо таъмин карда намешаванд. Аз ин имтиёзот танҳо судяҳои нафақахӯр истифода карда метавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.