«Барқи тоҷик»: Ояндаи наздик болоравии қимати барқ дар назар нест

Ояндаи наздик ШСХК «Барқи тоҷик» тарофаҳои истифода аз барқро боло бурданӣ нест. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, гуфтугӯҳо оид ба ин масъала овозае беш нестанд. «Ояндаи наздик болоравии қимати барқ дар назар нест», – гуфтанд дар ширкат. Дар ҳамин ҳол, ба тасдиқи баъзе истеъмолгарони нерӯи барқ, чанде аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Ояндаи наздик ШСХК «Барқи тоҷик» тарофаҳои истифода аз барқро боло бурданӣ нест.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, гуфтугӯҳо оид ба ин масъала овозае беш нестанд. «Ояндаи наздик болоравии қимати барқ дар назар нест», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, ба тасдиқи баъзе истеъмолгарони нерӯи барқ, чанде аз нозирони ширкати «Барқи тоҷик» ба онҳо тибқи тарофаҳои нав пардохтварақа (квитансия) тартиб дода, изҳор намудаанд, ки аз 1-уми январи соли 2013 тарофаҳои истифодаи  1 кВт/соат барқ ба аҳолӣ аз 11 дирами соли гузашта то ба 15 дирам афзудаанд.

Дар хадамоти матбуоти ширкат дар ин робита изҳор карданд, ки ахири соли гузашта бо мақсади пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи истифодаи барқ чанде аз нозирон ба истеъмолгарон бардурӯғ чунин маълумот додаанд, ки он ҳам танҳо баҳри пардохти маблағ аз ҷониби истеъмолгарон сурат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки ахиран моҳи апрели соли гузашта тарофаҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа аз 9 дирам то ба 11 дирам барои 1 кВт/соат афзуда шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.