Тасдиқи афзоиши ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар парлумон

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро дастгирӣ намуданд. Зимни ба вакилон шарҳ додани моҳияти тағийрот ба қонун раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор намуд, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде аз боҷҳои […]

Аваз Юлдошев


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро дастгирӣ намуданд.

Зимни ба вакилон шарҳ додани моҳияти тағийрот ба қонун раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор намуд, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар кишвар зиёд мешавад. «Дар тағйирот афзоиши ҳаҷми боҷи давлатӣ барои иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз он, боҷ барои додани раводиди Тоҷикистон, гирифтани ваколатнома барои идораи воситаи нақлиёт ва расмиёти нотариалии баъзе ҳуҷчатҳо пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ, вале мушаххасан аз то кадом андоза афзудани ҳаҷми онҳо сухан нагуфт ва вакилон ҳам аз ӯ дар ин хусус чизе напурсиданд.

Танҳо вакил Низом Қосим ба ҳаҷми боҷи иҷозати хориҷ шудан ва ба кишвар баргаштан таваҷҷуҳ зоҳир кард. «Боҷи иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз онро мо чор маротиба зиёд мекунем, ки метавонад барои афроди муваққатан аз кишвар хориҷшаванда монеъа эҷод созад», – гуфт ӯ.

Дар посух ба он раиси Кумитаи андоз зикр кард, ки айни замон ҳаҷми боҷи давлатӣ барои иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз он 40 сомонӣ ва пас аз қабули тағйирот 160 сомониро ташкил хоҳад дод, ки афзоиши начандон назаррас аст.

Мувофиқи тағйироти тасдиқшуда ба қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», минбаъд дар Тоҷикистон пардохти рекламаи беруна аз ҷониби паҳнкунандаи он сурат мегирад. Қаблан фармоишгарони ин рекламаҳоро низ ба чунин пардохт уҳдадор мекарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.