Ифтитоҳи Маркази нави занон дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки сафирони Ҷопон ва Дафтари САҲА  дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва Ивар Викки маросими  ифтитоҳи Маркази занон доир гардид. Зимни суханронӣ дар маросим сафири Ҷопон изҳор намуд, ки бо дархости ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб ҳукумати Ҷопон дар ҳамдастӣ бо САҲА лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуда, баҳри амалисозии он беш […]

Турко Дикаев


Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки сафирони Ҷопон ва Дафтари САҲА  дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва Ивар Викки маросими  ифтитоҳи Маркази занон доир гардид.

Зимни суханронӣ дар маросим сафири Ҷопон изҳор намуд, ки бо дархости ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб ҳукумати Ҷопон дар ҳамдастӣ бо САҲА лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуда, баҳри амалисозии он беш аз 111 ҳазор доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо кард.

Бинои дуошёнаи Маркази нави занони шаҳри Кӯлоб ба занону кӯдакони мавриди хушунат қароргирифта макони зист муваққатӣ пешниҳод хоҳад кард. Ба қавли роҳбари ТҶ «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб Қурбонгул Қосимова, дар марказ кӯмаки ҳуқуқиву тиббӣ ва равонӣ пешниҳод гардида, дар ин ҷо ҳамчунин баҳри ноил гардидани занон ба мустақилияти иқтисодӣ, курсҳои омӯзиши касбҳои гуногун амал хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби кӯмаки ройгон ба лоиҳаҳои амнияти гуманитарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 22 млн. доллари ИМА 290 лоиҳаҳоро амалӣ намудааст, ки дар доираи он 87 мактаб ва 58 марказу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд карда шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.