Қаноатмандии БОР аз ҷараёни ислоҳот дар бахши кишоварзӣ

Date:


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаи амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби бонк дар ҷумҳурӣ маблағгузоришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ вазир зикр кардааст, ки маблағи умумии лоиҳаи «Рушди манотиқи деҳот», ки аз моҳи сентябри соли 2007 амалӣ мегардад, 23,3 млн. $ (беш аз 102,5 млн. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад ва анҷоми амалисозии он дар ноҳияҳои санҷишии Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ, Роғун ва Варзоб то 31-уми марти соли 2014 дар назар буда, татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» дар арафаи анҷомёбист.

Дар навбати худ, Си Си Ю аз ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар бахши кишоварзии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кардааст, ки бо анҷоми амалисозии лоиҳаҳо БОР мониторинги натиҷаҳои онро баргузор менамояд. «Ояндаи наздик таҳия ва имзои барномаи нави ҳамкории БОР ва Тоҷикистон дар назар аст», – изҳор кардаааст намояндаи доимии БОР дар ҶТ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...