Қаноатмандии БОР аз ҷараёни ислоҳот дар бахши кишоварзӣ

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаи амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби бонк дар ҷумҳурӣ маблағгузоришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ вазир зикр кардааст, ки маблағи умумии лоиҳаи «Рушди манотиқи деҳот», ки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаи амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби бонк дар ҷумҳурӣ маблағгузоришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ вазир зикр кардааст, ки маблағи умумии лоиҳаи «Рушди манотиқи деҳот», ки аз моҳи сентябри соли 2007 амалӣ мегардад, 23,3 млн. $ (беш аз 102,5 млн. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад ва анҷоми амалисозии он дар ноҳияҳои санҷишии Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ, Роғун ва Варзоб то 31-уми марти соли 2014 дар назар буда, татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» дар арафаи анҷомёбист.

Дар навбати худ, Си Си Ю аз ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар бахши кишоварзии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кардааст, ки бо анҷоми амалисозии лоиҳаҳо БОР мониторинги натиҷаҳои онро баргузор менамояд. «Ояндаи наздик таҳия ва имзои барномаи нави ҳамкории БОР ва Тоҷикистон дар назар аст», – изҳор кардаааст намояндаи доимии БОР дар ҶТ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?