Гунаҳкорони нафари дар садама фавтида Тоҷикистонро тарк карданд

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид,, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода, аз […]

Аваз Юлдошев


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид,, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода, аз шарҳи ҷузъиёти дигар худдорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки

шоми рӯзи 29-уми декабр

дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як  автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бармехӯрад. Худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат мерасад.

Бино ба иттилои роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев, дар мавриди ин ҳодиса ба унвони сафорати ИМА нотаи дахлдор ирсол гардида, дар ВКД ва ВКХ бо намояндагони сафорат вохӯриҳо доир гардидаанд. Ба оилаи ҳалокшуда КВД «Тоҷикдипсервис» кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс», то имрӯз сафорати ИМА автомашинаи таҳти рақами 004 D 005-ро барои азназаргузаронии техникӣ пешниҳод накардааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, маҳз автомашинаи дорои чунин рақам пиёдагардро пахш кардааст.

Бино ба маълумоти мавҷуда дар ОИ «Азия-Плюс», автомашинаи Volkswagen Tuareg дар ихтиёри корманди сафорат Фэррер Дэвид қарор доштааст. Муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими пулис барои баррасии ҳодисаи мазкур аз ИМА ба Тоҷикистон омадааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари фавтида дар садама хабар дод, дар бораи ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкур ӯ огаҳӣ надорад. «Яона чизи ба ман маълум он аст, ки гӯё гунаҳкори садама ва ҳамсари ӯ аллакай қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаанд», – гуфт Акбар Бердиев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.