Дар коҳиши ҳаҷми истеҳсоли барқ Сангтӯда-1 «Барқи тоҷик»-ро гунаҳкор медонад

Date:


Бо истифодаи оқилона аз захираҳои обӣ дар мавсими баҳору тобистон, аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 нерӯгоҳи Сангтӯда-1 метавонист беш аз 3,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» хабар доданд, тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, дар мавсими баҳору тобистони соли гузашта (давоми моҳҳои апрел-сентябр) ҳаҷми умумии партоби холӣ (бидуни истифода) 1,6 млрд. кВт/соатро ташкил дода, дар ин давра беш аз 47%-и оби ба обанбор воридшуда бидуни истифода партоб шудааст.

«Дар натиҷаи роҳандозии муносибати мухталиф миёни нерӯгоҳҳои тобеъи сохтори ширкати «Барқи тоҷик» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», дар ин воҳидҳои сохтори ширкат ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 3,8% афзуда, дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳаҷми тавлиди барқ коҳиш ёфт, ки дар муқоиса бо соли 2011 соли 2012 ҳаҷми коҳиш ба 16% баробар шуд », – зикр карданд дар хадамоти матбуоти нерӯгоҳ.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи қарордоди харидуфурӯш миёни ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» ва ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли 2012 ширкат аз нерӯгоҳ бояд дар ҳаҷми ҳудуди 1,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ мекард, вале ҳамагӣ 39% аз миқдор (670 млн. кВтсоат) нерӯи барқ харидорӣ намудааст. «Нақзи уҳдадориҳо тибқи қарордодро ширкати «Барқи тоҷик» ба мавҷуд набудани бозори фурӯш дар мавсими тобистон бинобар сабаби ҷудоии низоми энергетикии Тоҷикистон ва дар ин маврид пайдо шудани ҳолатҳои ғайримунтазира (форс-мажор) рабт медиҳад», – иттилоъ дод сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар қарордод зикр шудааст, ки дар сурати коҳиши ҳаҷми харидории нерӯи барқ бо айби харидор, фурӯшанда ба чораҳои ҷаримабандӣ ҳуқуқ дорад. «Аммо ширкати «Барқи тоҷик» ин талаботи қарордодро ба инобат нагирифта, сарфи назар аз муроҷиатҳои зиёди мо, вазъ тағйир намеёбад», – иброз доштанд дар хадамоти матбуоти ҶСК «НОБ Сангтӯда-1».

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...