АНМН: Пешгирии интиқоли беш аз 21 кило мухаддирот ба Русия

Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти бобарори фаврӣ, садди роҳи интиқоли бештар аз 21 кило маводи мухаддир ба Русия шуданд.  Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гурӯҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор мегирифт. «Ниҳоят, 21 […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти бобарори фаврӣ, садди роҳи интиқоли бештар аз 21 кило маводи мухаддир ба Русия шуданд. 

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гурӯҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор мегирифт.

«Ниҳоят, 21 январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёти мазкур дар қаламрави ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат ба гумони қочоқи мухаддирот  ду нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳар кадом аз 27 сол беш надоштанд, боздошт гардиданд», – омаддаст дар иттилои Агентӣ.  

Ба иттилои манбаъ, аз дастгиршудагон  20,5 кило маводи мухаддири афюн ва 1 кило ҳашиш мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошти шарикони дигари гумонбарон чораҳо андешида мешаванд. Айни замон дастгиршудагон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.