ҲНИТ омодагии бахшҳо ба интихоботи президентиро месанҷад

Кормандони масъули шуъбаи интихоботи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи омодагии бахшҳои аввалияи ҳизб ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, мавриди омӯзиш қарор доданд. Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, кормандони масъул оид ба омодагии аъзои ҳизб ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иштироки нозирони ҳизб дар комиссияҳои интихоботӣ машваратҳо доир намуда, […]

ASIA-Plus


Кормандони масъули шуъбаи интихоботи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи омодагии бахшҳои аввалияи ҳизб ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, кормандони масъул оид ба омодагии аъзои ҳизб ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иштироки нозирони ҳизб дар комиссияҳои интихоботӣ машваратҳо доир намуда, таъкид доштанд, ки аҳдофи асосии ҳизбӣ ширкат дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ мебошад.

Қаблан зимни вохӯрӣ бо ҷавонони пойтахт раиси ҲНИт Муҳиддин Кабирӣ изҳор карда буд, ки ҲНИТ дар маъракаи интихоботи президент ширкат хоҳад варзид, вале номзадро танҳо анҷумани ҳизб, ки моҳҳои август ё  сентябр баргузор мешавад, муайян мекунад. «Номзад метавонад аз ҲНИТ ё ҳизби дигар ва ҳатто шахси беҳизбӣ бошад», – изҳор дошта буд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.