Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар доираи мувофиқаҳои байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон машваратҳои байниидоравӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид . Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар машваратҳо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Қирғизистонро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар доираи мувофиқаҳои байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон машваратҳои байниидоравӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид

.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар машваратҳо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Қирғизистонро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Бешимов роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар фазои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳусни тафоҳум мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд, инчунин омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон иброз доштанд.

Дар доираи машваратҳо бақайдгирии ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ имзо шудаанд, гузаронида шуд.

Зимни сӯҳбатҳо зарурати барқарор намудани алоқаҳои боз ҳам наздиктар дар масъалаҳои обу энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, савдо, аз ҷумла, тиҷорати наздисарҳадӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо зикр гардид.

Иштирокчиёни машваратҳо муҳим будани фаъолияти Комиссияи муштараки байни Ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин Комиссия оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзҳои давлатии байни ду кишварро қайд намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба гузаронидани машваратҳои доимӣ роҷеъ ба масоили дуҷониба ва бисёрҷониба мувофиқа ҳосил карданд.

Ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории баробарҳуқуқи минбаъда дар соҳаҳои гуногуни шарикии дуҷониба иброз доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.