Милисаҳо 350 ҳазор еврои муҳоҷиронро гирифтанд

Дата:


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султонов боздошт шуд.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Ҷамшед Сангов, ӯ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ҳанӯз ахири моҳи ноябри соли гузашта боздошт гардида будааст.

«Султонов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста мешавад. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва 350 ҳазор еврои онҳоро азхуд мекунанд», – зикр кард Сангов.

Ба қавли ӯ, се нафари ҳамроҳи Султонов фирор намуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва тафтишот нисбати ин далел давом дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 18 далели аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадани кормандони милиса ба қайд гирифта шудааст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное