Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин Мамлакат д-р Низор ибни Убайди Маданӣ баргузор шуд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, сафир инчунин Паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Мамлакат барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар Душанбе доир хоҳад шуд, тақдим кард.
Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот ҳамчунин атрофи мавзӯи ҳамкории ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Мамлакат дар Саммити кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Исломӣ моҳи феврали соли равон дар Қоҳира табодули назар сурат гирифт.



