Рушди истеҳсолоти корхонаҳои хурд дар ноҳияи Восеъ

Соли гузашта дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба маблағи 72 млн. 101,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол шуд. Раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев зимни нишасти матуботӣ изҳор намуд, ки рушди истеҳсолоти корхонаҳои хурд натиҷаи хуб дода, ҳаҷми умумии маҳсулоти тавлидшуда аз нақшаҳои пешбинишудаи солона хеле зиёдтар аст. «Аз ҷумла, дар корхонаҳои хурд ҳудуди […]

Турко Дикаев


Соли гузашта дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба маблағи 72 млн. 101,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол шуд.

Раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев зимни нишасти матуботӣ изҳор намуд, ки рушди истеҳсолоти корхонаҳои хурд натиҷаи хуб дода, ҳаҷми умумии маҳсулоти тавлидшуда аз нақшаҳои пешбинишудаи солона хеле зиёдтар аст.

«Аз ҷумла, дар корхонаҳои хурд ҳудуди 18 ҳазор тонна орд, 175 тонна равғани рустанӣ, наздики 12 ҳазор тонна намаки ошӣ, 937,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 43 тонна маснӯоти қаннодӣ, 270 ҳазор декалитр шарбати ангур, ҳудуди 10 ҳазор декалитр оби ҷав (пиво), наздики 2 млн. дона хишт истеҳсол гардид», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин  афзуд, дар ин давра дар корхонаҳои бузурги коркарди пахтаи ноҳия 4283 тонна нахи пахта коркард гардида, 7104 тонна чигит ва 4236 тонна кунҷора тайёр карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.