А.Достиев : «Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад»

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба баргардонидани ноболиғони бепарастор, шаҳрвандони Тоҷикистони дар Русия қарордошта ба ватани доимиашон идома медиҳад. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сафорат боз чор нафар ноболиғонеро, ки дар хонаҳои кӯдакони ин кишвар зиндагӣ мекарданд, ба Тоҷикистон раҳсипор кард. Ба иттилои […]

ASIA-Plus


Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба баргардонидани ноболиғони бепарастор, шаҳрвандони Тоҷикистони дар Русия қарордошта ба ватани доимиашон идома медиҳад.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сафорат боз чор нафар ноболиғонеро, ки дар хонаҳои кӯдакони ин кишвар зиндагӣ мекарданд, ба Тоҷикистон раҳсипор кард.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла Дилнураи 1-сола, Семёни 6-моҳа ва Артёми 7-моҳа, ки бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ модаронашон аз тарбияи онҳо даст кашидаанд, ба ватан фиристода шуданд.

«Ҳамчунин Амрияи 2-сола, ки айни замон модараш дар маҳбаси шаҳри Можайски вилояти Маскав адои ҷазо мекунад, ба Тоҷикистон фиристода шуд», – зикр мегардад дар иттилои сафорат.

Дар маросими ба ватан фиристодани кӯдакони ноболиғ ба ватан сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев изҳор кард, ки «Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад ва ҳарчанд падару модаронашон аз тарбияи онҳо даст кашида бошанд ҳам, онҳо шаҳрвандони кишвари моянд ва набояд дар як муҳити бегонаи ғайритоҷикӣ ба воя расанд».

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта 4 тифли ноболиғи дигар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, аз ноҳияҳои тобеи шаҳри Маскав ҷамъ гардида, ба Ватан баргардонида шуда буданд.

Тибқи маълумоти гуногун, феълан дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.


Акс аз «Озодӣ»

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.