Тарҷумаи «Скайп» ба забони тоҷикӣ аз ҷониби ихтиёриён

Бори нахуст барномаи табодули зудраси маъумот ва зангҳои аудио ва видеоии «Скайп» ба забони тоҷикӣ (форсӣ) тарҷума шуда, барои истифодаи ройгон дастрас аст. Ба гуфтаи ташаббускори ин иқдом, сокини шаҳри Душанбе Абдулфаттоҳ Шафиев, тарҷумаи мазкур ихтиёран аз ҷониби як гурӯҳи шахсони донандаи хуби барномаҳои компютерӣ, шабакаи Интернет ва забони тоҷикӣ бо мақсади таблиғ ва мавриди […]

Аваз Юлдошев


Бори нахуст барномаи табодули зудраси маъумот ва зангҳои аудио ва видеоии «Скайп» ба забони тоҷикӣ (форсӣ) тарҷума шуда, барои истифодаи ройгон дастрас аст.

Ба гуфтаи ташаббускори ин иқдом, сокини шаҳри Душанбе Абдулфаттоҳ Шафиев, тарҷумаи мазкур ихтиёран аз ҷониби як гурӯҳи шахсони донандаи хуби барномаҳои компютерӣ, шабакаи Интернет ва забони тоҷикӣ бо мақсади таблиғ ва мавриди писанд қарор гирифтани забони тоҷикӣ дар ҷаҳони виртуалӣ ва ҳамчунин шахсони хоҳишманди истифода барномаи «Скайп» бо  забони тоҷикӣ анҷом дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки барномаи «Скайп» соли 2003 аз ҷониби барномасозони Шветсия таҳия гардида, дар он беш аз 650 млн. адад аккаунтҳо боз шудаанд. Шумори бештари дар як вақт корбарони барнома (онлайн) то ба 40 млн. нафар мерасад, ки дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ ин шумори зиёди дар як замон корбаронро наметавон дарёфт намуд.

Ақидае роиҷ аст, ки дар Тоҷикистон нисбат ба «Скайп» барномаи М-агент – сервиси табодули маълумоти зудрас аз Майл.ру бештар писандида аст.

Шафиев мегӯяд, дар амалисозии иқдоми мазкур ҳамчунин саҳми Субҳиддин Раҷабзода, Мустафо Сурхов, Рамин Ҳодизода, Фарҳод Шарифов ва дигарон низ  беандоза бузург аст ва касе аз онҳо барои он маблағе нагирифтааст. «Ин фарзияи аввали тарҷума буда, минбаъд он беҳтар карда мешавад ва насбу гузоштани барнома ҳам чун дигар барномаҳои ба ин монанд хеле содаву осон аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.