Таъкиди дубораи аз мактабҳои динии хориҷӣ баргаштани ҷавонон

spot_imgspot_img

Дата:


Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа роҳбарони ҳарду палатаҳои парлумон, сарвазири кишвар, масъулини Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти олии судӣ ва адлия, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони сохторҳои мазкур доир ба натиҷаҳои фаъолият дар самти мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, дастгир намудани гурӯҳҳои хавфноки ҷиноятпеша, ҷамъоварии яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ аз аҳолӣ, аз байн бурдани шароити ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ таъмини амнияту субот дар кишвар гузориш доданд.

Тавре зикр гардид, соли 2012 ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 16 ҳазору 600 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2011 270 адад кам мебошад. Дар ин сол ҷиноятҳои вазнин 23 фоиз ва бо истифодаи аслиҳаи оташфишон 37 фоиз кам шудааст ва ин бо назардошти он, ки ҳолатҳои пинҳондории ҷиноятҳо ва ё ба қайд нагирифтани онҳо низ коҳиш ёфтааст.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои содиргардида, ба ҷавобгарӣ кашидани ашхос ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша фаъолияти хуб ҳамоҳангшуда ва босамари ҳамаи сохторҳои масъулро талаб мекунад.

Аз даст доштани баъзе кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубодилаи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда шуд.

Дар натиҷаи санҷишҳои молиявӣ ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ соли 2012 дар ҳаҷми 166 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки қисмате аз онҳо ба сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ рост меояд. Дар соли 2012 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зиёда аз 5 тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира кардаанд.

Бо изҳори нигаронӣ аз он, ки имрӯз ҳам яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ вуҷуд дорад, зикр гардид, ки танҳо соли 2012 аз гурӯҳҳои ҷинояткор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 442 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъат ёфтани равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо дар ҷумҳурӣ ва минтақа зоҳир гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар зарфи 5 соли охир 128 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 626 нафар фаъолон ва ҷонибдорони созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мавриди тафтиш қарор додаанд. То имрӯз нисбат ба 600 нафар аъзои созмонҳои диниву экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон» ва «Ҷамъияти Таблиғ» беш аз 120 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.

Сарвари давлат бо ишора ба он, ки қисмате аз ин ҷинояткорони экстремист хатмкардагон ва таҳсилкунандагони мактабҳои ғайриқонунии динии баъзе кишварҳои хориҷӣ мебошанд, бори дигар таъкид намуд, ки тамоми ҷавонону наврасони гумроҳшуда аз чунин муассисаҳои хатарноки таълимӣ ба ватан баргардонда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шикоятҳои шаҳрвандон аз амалҳои ғайриқонунии судяҳо ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили таҷрибаву маҳорати касбии судяҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрванд, соҳибкорону хоҷагидорон, таъмин намудани адолати судӣ, роҳ надодан ба кашолкорӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо, инчунин баррасии воқеъбинонаву саривақтии муроҷиати шаҳрвандон чораҳои муассир андешанд.

Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, боло бурдани сатҳи омодагии сохторҳои низомӣ, тақвият бахшидани ҳифзи марзҳои давлатӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии ҷузъу томҳои низомӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ ва ҳисси ватандӯстии муҳофизони марзу буми кишвар дода шуд.

Бо ёдоварӣ аз вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоту ҳодисаҳои минтақаҳои гуногуни олам изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳар як ходими давлатӣ ва муҳофизи Ватан тамоми нерӯву маҳорати худро бо рӯҳияи садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву инсондӯстӣ, ба ҳимояи боэътимоди марзу буми давлати соҳибистиқлоламон ва таҳкими арзишҳои милливу дастовардҳои истиқлолият сафарбар менамоянд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...