Дархости ҷубронпулӣ ба навраси аз шиканҷа ҷабрдида дар ШКД Ёвон

Адвокатҳои наврасе, ки аз ҷониби нозири минтақавии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, пардохти ҷубронпулии моддӣ ба ҷабрдида аз шуъбаи милисаро талаб доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои аз ҷониби Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон пешниҳодшуда Абдураҳамон Шарифов хабар дод, суд нозири минтақавии милиса Машраф Алиевро ба 7 […]

Наргис Ҳамробоева


Адвокатҳои наврасе, ки аз ҷониби нозири минтақавии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, пардохти ҷубронпулии моддӣ ба ҷабрдида аз шуъбаи милисаро талаб доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои аз ҷониби Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон пешниҳодшуда Абдураҳамон Шарифов хабар дод, суд нозири минтақавии милиса Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум намуда, даъвои ҷуброни зарари моддӣ ба навраси ҷабрдида дар ҳаҷми 1 ҳазору 600 сомониро қонеъ намуд, аммо варақаи иҷрои санаи 12-уми ноябри соли 2012 аз ҷониби суди ноҳияи Ёвон додашуда то ҳанӯз ба иҷро нарасидааст, ки риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мебошад.

«Ҳангоми ба намояндаи қонунии ҷабрдида – бобои наврас Рауф Қаюмов додани варақаи иҷро, ҳуқуқҳои дар моддаи 7-и қонуни зикршуда пешбинишудаи ӯ, маҳз «аз суд дархост кардани ба маҳалли иҷро фиристодани варақаи иҷро» шарҳ дода нашудаанд», – иброз дошт адвокат.

Ба қавли ӯ, акнун аз номи Қаюмов ба унвони суд ҷиҳати фиристодани варақа барои иҷро ва рӯёнидани маблағи зарари моддӣ дархост пешниҳод мегардад. «Ҳамчунин аз ҷониби мо масъалаи пардохти ҷуброни зарари маънавӣ ба наврас низ пешниҳод шуда, айни замон дар робита ба ин далелу асноди зарурӣ мавриди таҳия қарор доранд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябри соли гузашта дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бори нахуст собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ муттаҳам дониста шуда, ба 7 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум гардида буд.

Ин нахустин ҳукм мутобиқи моддаи «Шиканҷа» аст, ки моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ ворид карда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.