Ифтитоҳи толори Чин дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини взири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов маросими ифтитоҳи толори махсуси Чин дар китобхонаи мазкур доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Ёқубов хабар дод, ҳукумати Чин толори мазкурро бо 10 ҳазор нусха […]

Маҳпора Киромова


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини взири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов маросими ифтитоҳи толори махсуси Чин дар китобхонаи мазкур доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Ёқубов хабар дод, ҳукумати Чин толори мазкурро бо 10 ҳазор нусха китобҳои илмиву бадеӣ бо забонҳои чиниву русӣ ва англисӣ, маводи аудио ва видеоӣ оид ба бахшҳои гуногун ва ҳамчунин 10 адад компютер таъмин кардааст.

«Ҳадаф аз иқдоми мазкур таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин буда, зимни боздид аз толор дар бораи таъриху сиёсат, фарҳангу иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳаёти Чин маълумоти муфассал метавон дарёфт намуд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, айни замон дар Китобхонаи миллӣ ҳамчунин толорҳои махсуси ИМА ва Олмон низ амал карда, рӯзҳои наздик ифтитоҳи толори Арабистони Саудӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.