Низоми ҷадиди бақайдгирии мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе

Аввали даҳаи дуюми моҳи январ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе низоми ҷадиди худкор (автоматӣ)-и бақайдгирии мусофирон ба фаъолият оғоз кард, ки алҳол бо реҷаи озмоишӣ кор мекунад. Ба гуфтаи директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Рустам Холиқов, дар фурудгоҳ 8 қабулгоҳи бақайдгирии мусофирон ташкил шудаанд, ки бо компютеру дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар як соат […]

Пайрав Чоршанбиев


Аввали даҳаи дуюми моҳи январ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе низоми ҷадиди худкор (автоматӣ)-и бақайдгирии мусофирон ба фаъолият оғоз кард, ки алҳол бо реҷаи озмоишӣ кор мекунад.

Ба гуфтаи директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Рустам Холиқов, дар фурудгоҳ 8 қабулгоҳи бақайдгирии мусофирон ташкил шудаанд, ки бо компютеру дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар як соат ба 600 нафар мусофирон хизматгузорӣ карда метавонанд.

Ба қавли вай, арзиши умумии таҷҳизоти низоми нави бақайдгирӣ 1,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз Голландия харида шудааст. «Барои кор бо он мутахассисон омода гардида, айни замон боз омӯзиши 40 нафар кормандони хадамоти гумрук бо тарзи кор бо таҷҳизоти мазкур дар назар аст», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Холиқов зикр кард, ки сол то сол шумори ҳамлу нақли мусофирон тавассути фурудгоҳ рӯ ба афзоиш аст.  «Соли гузашта Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон хизматрасонӣ пешниҳод намуд, ки 696,804 нафар мусофири рафта (дар соли 2011 – 588,767 нафар, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум  15,5% бештар) ва 604,648 мусофири омада (дар соли 2011 – 537,842 мусофир, яъне  нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум 11,1% бештар)  мебошанд», – афзуд номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1582 тонннаву 606 килоро ташкил додааст. Дар соли 2012 фурудгоҳи Душанбе бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.