Ҳалокати шаҳрвандони тоҷик дар сӯхтори Маскав

Date:


Бар асари сӯхторе, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи зисти «Газойл Сити»-и шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аз сӯхтор ҳамчунин 14 нафари дигар низ осеб дидаанд, ки ду нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

«Тибқи маълумоти дақиқшуда, дар сӯхтор Юсуфхон Давлатови 33-сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва сокини Кӯлоб Ҳасан Иброҳимови 48-сола фавтида, шахсияти 7 нафари дигари ҳалокшудагон муайян нашудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди панҷ нафари осебдида дар бемористони ба номи Склифосовский маълум шудааст, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...