Ҳалокати шаҳрвандони тоҷик дар сӯхтори Маскав

Бар асари сӯхторе, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи зисти «Газойл Сити»-и шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аз сӯхтор ҳамчунин 14 нафари дигар низ осеб дидаанд, ки ду нафарашон дар […]

Аваз Юлдошев


Бар асари сӯхторе, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи зисти «Газойл Сити»-и шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аз сӯхтор ҳамчунин 14 нафари дигар низ осеб дидаанд, ки ду нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

«Тибқи маълумоти дақиқшуда, дар сӯхтор Юсуфхон Давлатови 33-сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва сокини Кӯлоб Ҳасан Иброҳимови 48-сола фавтида, шахсияти 7 нафари дигари ҳалокшудагон муайян нашудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди панҷ нафари осебдида дар бемористони ба номи Склифосовский маълум шудааст, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.