Табодули барқияҳои шодбошӣ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркмани худ Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият кишварҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкориҳои байнидавлатии худ, […]

ASIA-Plus


Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркмани худ Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият кишварҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкориҳои байнидавлатии худ, бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ, кӯшиш мекунанд.

«Имрӯз, дар идомаи анъанаҳои хуби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобилаи халқҳоямон, ки решаи амиқи таърихӣ доранд, муносиботи Тоҷикистону Туркманистон динамикаи баланди рушд дорад. Дар андозагирии сиёсӣ миёни кишварҳои мо дар асоси принсипҳои ошкоро, боварӣ ва дастгирии мутақобила муколимаи доимӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст», – баён мегардад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқияи шодбошии президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба унвони Эмомалӣ Раҳмон баён мегардад, ки дар ин давра робитаҳои дӯстонаи кишварҳо самаранок рушд ёфта, мунтазам густариш меёбанд. «Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди кунунии равобити миёни кишварҳоямон, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба марҳилаи наверо касб кардаанд», – омадааст дар барқия.

«Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи дуҷониба дар густариши минбаъдаи муколима ва ҳамгироӣ дар ҳамаи соҳаҳо, дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҷонибҳо ва дӯстии манфиатноки дуҷонибаи халқҳои Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Имрӯз кишварҳои мо ба таври васеъ муваффақона ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибае, ки ҷавобгӯи ҳавасмандии дарозмуддати кишварҳоямонанд, аҳамияти калон медиҳем», – изҳор мешавад дар барқияи президенти Туркманистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.