Пешниҳоди беш аз ду баробар афзудани андози аксизӣ аз сӯзишворӣ

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки вазорат боло бурдани сатҳи андози аксизӣ аз маҳсулоти нафтӣ, машрубот ва тамокуро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, феълан андози аксизӣ барои як тонна маҳсулоти нафтӣ 40 евроро ташкил медиҳад ва Вазорати молия ба ҳадди ниҳоӣ то 90 евро боло бурдани онро […]

Заррина Эргашева


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки вазорат боло бурдани сатҳи андози аксизӣ аз маҳсулоти нафтӣ, машрубот ва тамокуро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, феълан андози аксизӣ барои як тонна маҳсулоти нафтӣ 40 евроро ташкил медиҳад ва Вазорати молия ба ҳадди ниҳоӣ то 90 евро боло бурдани онро пешниҳод мекунад.

Дар шарҳи масъала С.Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар нишондиҳандаҳои андози аксизӣ дар Тоҷикистон хеле паст буда, дар қисмати даромади буҷет онҳо ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳанд.

«Аммо ин кор алҳол ғайриимкон буда, бо назардошти воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар бо боҷи содиротии Русия, сӯзишворӣ дар дохили ҷумҳурӣ гарон аст. Мо қарор додем, ки ин масъаларо пас аз имзои созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ мавриди ҳаллу фасл қарор диҳем», – иброз дошт вазири молияи кишвар.

Вазир ҳамчунин гуфт, ин пешниҳод ҳамчунин аз ҷониби вазорати рушди иқтисоду савдо, энергетикаву саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ низ дастгирӣ шудааст.

Аммо вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита зикр карда буд, ки мухолифи афзоиши андози аксизӣ аст. «Айни замон афзудани сатҳи андози аксизӣ мувофиқи мавқсад нест, зеро он ба арзиши сӯзишворӣ дар дохили кишвар таъсир расонида, табиист, ки хароҷоти он ба дӯши истеъмолгарон вогузор мегардад. Аз ин рӯ, мо афзудани сатҳи андози аксиро тавсия намедиҳем ва дар ин бора ҳукуматро низ огоҳ намудем», – гуфта буд ӯ ба журналистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.